Таҷлили Рӯзи Сарқонуни ҶТ дар ТАЛКО
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори роҳбарият ва ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» имрӯз, 4 ноябр, дар корхонаи мазкур бахшида ба 19 – солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардида, дар анҷоми он консерт ва тамошои филмҳо дар бораи Тоҷикистон ва фаъолияти корхона сурат гирифт.
Роҳбари хадамоти матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон» Саёҳат Қодирова зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли 1994 қабул шудани Сарқонуни ҶТ қайд намуд, ки ин ҳуҷҷати муҳими халқи тоҷик истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро расман эълон намуда ва заминаи устувори маҷмӯи қонунгузории кишварро гузошт. Қабули Сарқонуни Тоҷикистон воқеаи ҳақиқатан тақдирсози таърихи навини давлати мо гардид, ки роҳу тамоюлҳои рушди устувори Ватани маҳбубамонро нишон медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






