Таҷлили Рӯзи театри тоҷик
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов Рӯзи театри тоҷик таҷлил гардид. Қобили зикр аст, ки соли 1997 бо қабули қонун дар бораи фарҳанг ин рӯз ҳамчун иди касбии театр эътироф гардид. Дар анҷоми ин чорабинӣ маросими мукофотонидани ходимони шоистаи театр баргузор гардид. Раёсати санъати Вазорати фарҳанг ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик сарояндаи Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ Маҳмуд Сангинов, ҳунарпешаи Театри драммавии миллии ба номи Лоҳутӣ Баҳром Қурбонзода, ҳунарпешаи Театри драмаи русии ба номи Маяковский Манзур Зокиров, мудири коргоҳи бадеии Театри лухтаки шаҳри Душанбе Машҳур Мақсудов ва дигаронро бо ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги ҶТ мукофотонид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






