Таъйини Фармондеҳи нави Горди миллӣ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Бобоҷон Ҷамолзода Фармондеҳи Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналиро, ки бо Фармони дигари Президент муовини аввали раиси КДАМ ҶТ, сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин шуд, иваз намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии Фармондеҳи нави Горди миллӣ саҳми Раҷабалӣ Раҳмоналиро дар таъмини суботу оромӣ ва ҳифзи кишвару халқи Тоҷикистон назаррас арзёбӣ намуда, гуфт, ки ӯ тайи солҳои роҳбариаш (2004-2013) ба халқу Ватан содиқона хизмат намуд ва вазифаҳои бар дӯш гузоштаашро сарбаландона адо намуд.
Сарвари давлат ба Фармондеҳи нави Горди миллӣ таъкид намуд, ки фаъолияти ибратбахши Р. Раҳмоналӣ бояд барояш намуна бошад.
Бобоҷон Ҷамолзода ба Президенти кишвар қавл дод, ки содиқона ба халқу Ватан дар якҷоягӣ бо ҳайати шахсии Горди миллӣ хизмат мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Б. Ҷамолзода соли 1976 таваллуд шуда, қабл аз таъйин шудан ба ин вазифа ба ҳайси командири бригадаи Горди миллӣ фаъолият менамуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






