Талаботи аҳолӣ ба қарзҳои хурд зиёд гаштааст
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар моҳи октябри соли равон тамоюли афзоишро идома дода, бештар аз 7290 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд мебошад. Агар ба таркиби бақияи қарзҳо назар андозем, 63,2 фоизро қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,8 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд ва ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат мунтазам зиёд мешавад. Тавре ки Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ 24 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,25 фоизи солонаро ташкил додааст. Чун дар даҳ моҳи соли равон талабот ба қарзҳои хурд зиёд шуд, ҳаҷми ин намуди қарз ба 3 млрд. 824 млн. сомонӣ баробар гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 50,2 фоиз ё бештар аз 1 млрд. 277 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дар ин давра 741,9 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки афзоиши онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,5 фоиз ё 217,7 млн. сомониро ташкил медиҳад








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






