Талош ва маҳорати одамони имконияташон маҳдуд дар зиндагӣ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар» С. Солеҳ). — Рӯзҳои 17-18 ноябри соли 2013 дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди ҶТ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Барномаи шабакавии дастгирии таҳсилоти Лондон/Будапешт кинофестивали «Нигоҳи баробар»-ро баргузор мекунад. Дар он перомуни ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд нақл мешавад. Ҳадаф тавассути навору филмҳои кӯтоҳ ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва нишон додани қудратмандии онҳо дар талоши зиндагист.
Дар кинофестивал ролику филмҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешаванд.
Дар кинофестивал тамошобинон имконият доранд, ки бо қаҳрамонҳои асосии филмҳо, ки дар чорабинии мазкур ҳузур доранд, муколама кунанд.
Дар рӯзи дуюми кинофестивал консерт бо иштироки кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.
Дар ин бора Ҷовиди Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






