Таъмири роҳҳо аз ҷониби «Бунёди роҳ»

Ноябрь 27, 2013 16:06

Восеъ, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо сабаби солҳои зиёд таъмири асосӣ накардани роҳҳои мошингард, зиёд шудани шумораи мошинҳои калонҳаҷми боркашонӣ ва тоза накардани ҷӯю заҳкашҳои назди роҳҳо масофаи зиёди роҳҳое, ки аҳамияти байналхалқӣ ва ҷумҳуриявию маҳаллӣ доранд, валангор гардида, рафтуомади нақлиёт мушкил шудааст. Аз ин рӯ, дар баробари таъмиру барқарорсозии роҳҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои худӣ таъмиру барқарорсозии роҳҳоро идома дода истодааст. Дар ҳамин замина дар километри 165-166-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб бо фармоиши вазорати мазкур ҷамъияти «Бунёди роҳ» -и шаҳри Кӯлоб ба таъмири асосии беш аз 500 метр роҳ шуруъ кардааст. Бояд зикр намуд, ки новобаста аз таъмирҳои пайвастаи ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Восеъ қитъаи мазкур зуд- зуд корношоям мегардид ва корхонаи «Бунёди роҳ» дар ин мавзеъ баъди кандани роҳ беш аз 5000 кубометр сангу шағал истифода бурдааст. Ба иттилои масъулон қитъаи роҳи мазкур дар рӯзҳои наздик пурра аз таъмир бароварда шуда, то расидани сардиҳо қирпӯш карда хоҳад шуд.

Ноябрь 27, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд