Тасаллияти Сафорати ҶТ дар ФР

Ноябрь 20, 2013 11:44

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабо  Зунунова).- Мувофиқи маълумоти  пешакии Сафорати  ҶТ  дар  ФР, дар  байни  ҳалокшудагон бар  асари  суқути  ҳавопаймо  дар  шаҳри  Қазон  шаҳрвандони  Тоҷикистон вуҷуд  надоранд. Дар  ин  бора  намояндаи  расмии Сафорати  Тоҷикистон дар Федератсияи  Русия  Муҳаммад  Эгамзод  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
 
Хотирнишон  месозем, ки  рӯзи  якшанбеи  гузашта  ҳавопаймои  Boeing 737 – 500  ширкати  ҳавопаймоии «Тотористон», ки  аз шаҳри   Маскав парвоз  мекард дар фурудгоҳи  шаҳри  Қазон  суқут  намуд. Мувофиқи  маълумоти  аниқшуда,  бар  асари  ин  фалокат 52  нафар,  аз ҷумла 46  нафар  мусофирон  ва  6  нафар  халабонони  ҳавопаймо ба  ҳалокат  расиданд. Ин  фоҷиаи  мудҳиш  мардуми  тамоми  ҷаҳонро ғамгин  сохт. 

Ноябрь 20, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш