Ташаббуси «М-Style» -ро раиси шаҳр ҷонибдорӣ кард

Ноябрь 25, 2013 10:34

Душанбе, 25 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Даҳаи аввали моҳи декабр дар Душанбе “Ҳафтаи байналмилалии мӯди АвруОсиё” баргузор мегардад. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе ташаббуси мудири маркази мӯди «М-Style» Мавлуда Ҳамроеваро ҷиҳати баргузории ин чорабинии фарҳангӣ дар пойтахт ҷонибдорӣ намуда, қарори марбута ба имзо расонд. Тибқи ин қарор нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати баргузории ин чорабинии фарҳангӣ тасдиқ гардид. Ҳамзамон дар асоси қарори мазкур идораҳои марбутаи пойтахт муваззаф гардидаанд, ки бобати дар сатҳи баланд гузаронидани “Ҳафтаи байналмилалии мӯди АвруОсиё” дар Душанбе беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷудо намоянд. Ҳадафи баргузории “Ҳафтаи байналмилалии мӯди АвруОсиё” ташаккули ҳисси зебоишиносии ҷавонон, пайвастан ба арзишҳои умумибашарӣ ва раванди мӯди муосири ҷаҳон, инчунин эҳё ва ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллист.

Ноябрь 25, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш