Таъсиси 61 участкаи раъйдиҳӣ дар хориҷи кишвар

Ноябрь 5, 2013 16:12

Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади таъмини иштироки шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди кишвар зиндагӣ доранд, дар 27 давлати хориҷӣ 61 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст. Аз ин теъдод қитъаи овоздиҳӣ танҳо 24 -тоаш дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил шудааст. Участкаҳои интихоботӣ, ки дар хориҷи кишвар таъсис дода шудаанд, дар Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмансур №3 ба қайд гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 68 комиссияи ҳавзавии интихобот ва 3 158 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.Тибқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишвар, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳуқуқи овоз додан дар интихоботро доранд.

Ноябрь 5, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш