Таъсиси идрорпулиҳо барои ҷавонон
Кӯлоб, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Чанде пеш дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб бо гирандагони идрорпулиҳои президентӣ чорабинии бошукуҳ доир гардид, ки дар он мақсаду маром ва вазифаҳои гирандагони он баррасӣ гардид. Мавриди ёдоварист, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои хонандагони фаъолу болаёқати мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназия, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ва колеҷҳои мамлакат барои ҷавондухтарону ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳои дурдаст идрорпулиҳои президентӣ, раисони вилоят, шаҳру нохҳяҳо ва ташкилоту идораҳо таъсис дода шуд, ки ин дастгириҳо барои рушду нумуъ ва аз худ намудани илмҳои муосир мусоидат мекунанд. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб шумораи гирандагони стипендияҳои президентӣ ба 51 нафар расидааст. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон аз ҳисоби ҷавонони болаёқати минтақаи Кӯлоб боз 10 нафари дигарро бо идрорпулии раёсат сарфароз намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






