Татбиқи 23 лоиҳа дар Хатлон

Ноябрь 21, 2013 11:18

Қурғонтеппа, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар вилояти Хатлон алҳол 23 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиеда аз 330 миллион доллари ИМА фаъол аст.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» Саймуъмин Мӯсоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дод, лоиҳаҳои мазкур дар бахшҳои гуногун маориф, тандурустӣ,кишоварзӣ, соҳаи обтаъминкунӣ ва обёрӣ, энергетика, нақлиёт, таъминот бо газ ва хоҷагии коммуналӣ татбиқ мешаванд.Ҳамзамон бо дастгирии сармоягузорони маҳаллӣ 280 иншооти истеҳсолӣ ва маишӣ бунёд гардида ва 3,5 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ноябрь 21, 2013 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш