Татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ
Душанбе, 27 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф 6 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 94,9 миллион $, аз ҷумла 44,3 миллион $ қарз ва 42, 1 миллион $ грант дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодааст. Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи ҷумҳурӣ дар Парлумони кишвар гуфт, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ яке аз бахшҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Бояд тазаккур дод, ки палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 26 ноябр Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна»-ро ба тасвиб расонд. Татбиқи ин лоиҳа имконият медиҳад, ки дар басти якум зиёда аз 9 ҳазору 200 ва дар басти дуюм беш аз 18 ҳазору 400 мактаббача дар кишвар бо ҷои нави нишаст таъмин гарданд. Инчунин дар мавриди татбиқи лоиҳа беш аз 2 ҳазор муаллим ва ҳайати кормандони техникӣ бо ҷои нави дорои шароитҳои мусоид таъмин карда мешаванд. Татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди соҳаи маорифи мамлакат ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар» нақши муассир мебозад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






