Таваҷҷуҳи «Глобал констрашен» дар таҷдиди биноҳои Душанбе
Душанбе, 27 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар бахши татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо ширкати «Глобал констракшен»-и Озарбойҷон зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳри Душанбе бо Торгул Мамедов мудири ширкати «Глобал констракшен» дар Душанбе баррасӣ гардид. Мусоҳибон масоили марбути истифода аз таҷрибаи шаҳрсозӣ ва таҷдиду ороиши меъмории намои берунаи биноҳоро бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ, ки «Глобал констракшен» дар ин бахш нақши муҳим дорад, матраҳ намуданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шиносоӣ аз таҷрибаи корбарӣ ва истеҳсолии ширкати «Глобал констракшен» дар иртибот аз ашёи кимиёвии полиуретан истеҳсол ва мавриди истифода қарор додани маҳсулоти масолеҳи сабуки ороишии сохтмонӣ, ки дорои сертификати сифати Русия ва Иттиҳоди Аврупост, зикр намуд, ки шаҳрдории Душанбе барои ҳамкорӣ бо ширкати мазкур дар самти таҷдид ва навсозии намои берунӣ ва мунавварсозии шабонгоҳии биноҳои баландошёнаи шаҳр омода аст. Торгул Мамедов-мудири ширкати «Глобал констракшен» гуфт, ки омӯзиши лоиҳаҳои сохтмонӣ ва шиносоии бевосита аз Нақшаи генералии Душанбе ба онҳо имкон хоҳад дод, ки лоиҳаи мушаххасеро ҷиҳати таҷдиди намои берунаи онҳо таҳия намуда, ба шаҳрдории Душанбе пешниҳод созанд. Дар анҷоми мулоқот гуруҳи кории муштарак аз ҳисоби мутахассисони тоҷику озарӣ созмон дода шуд, ки он самтҳои ҳамкориро дақиқ ва тафоҳумоти марбутаро доир ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Душанбеву Боку дар бахши таҷдиду навсозии биноҳои баландошёнаи Душанбе омода хоҳад кард. Дар мулоқот Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанов Аббосалӣ Каром Оғлу иштирок дошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






