Таваррум тайи як моҳ 0,3 фоизро ташкил дод

Ноябрь 27, 2013 10:54

Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Моҳи октябри соли ҷорӣ сатҳи таваррум устувор буда ва мавқеи мусбат дошт. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар давраи аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон сатҳи таваррум 3,1 фоизро ташкид дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта баробари 3,9 фоиз камтар аст. Назар ба хабари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ин нишондод моҳи октябр баробари 0,3 фоиз ва тайи 12 моҳи охир баробари 3,4 фоиз буд.

Ноябрь 27, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш