Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони мазкур як қатор тағйироти сохториро дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия пешбинӣ намудааст. Аз ҷумла, даҳ расмиёти табдилдиҳӣ, яъне Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор расмиёти таъсисдиҳӣ, яъне таъсиси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳамдиҳии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






