Тими Тоҷикистон дар Анқара пешсаф шуд
Анқара, 7 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Муқим Малаев).- Тими сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар мусобиқаи боулинг бахшида ба рӯзи Сарқонуни Русия, ки аз тарафи сафорати ин кишвар дар шаҳри Анқара ташкил шуда буд, ҷои сеюмро ишғол намуд. Дар ин мусобиқа намояндагони корпуси дипломатии зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Македония, Русия, Қазоқистон, Украина, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои соҳибкорони Туркия иштирок намуданд. Ҷои аввал насиби дастаи амрикоиҳо ва ҷои дуввум насиби дастаи Иттиҳоди Аврупо гардид. Дастаи Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ҷои аввалро соҳиб шуд.
Боиси ифтихор аст, ки намоядагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили дӯстиву ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон тавассути варзиш ҳиссагузор ҳастанд ва ҳамеша дар садади баланд бардоштани мақоми кишвари худ мебошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






