Тоҷикистон дар арафаи маросими бошукуҳ
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шанбеи 16 ноябри соли 2013 дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудан /инаугуратсия/-и Президенти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар ин маросими бошукуҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад.
Тавре ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи ғайринавбатии палатаи болоии Парлумони мамлакат зикр намуд, ҳамзамон дар рӯзи 16 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад, ки дар он Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷиистон савганд ёд мекунад. Инчунин дар рӯзи инаугуратсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт гузашти низомӣ бо ҳузури сарбозону афсарони ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар доир мегардад.
Бояд зикр кард, ки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябри соли 2013 бо гирифтани 83,6 %-и раъйи интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст оварда, ҳамин тариқ 7 соли оянда низоми давлатдориро дар Тоҷикистон идора менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






