Тоҷикони Рязан ба номзади арзанда овоз хоҳанд дод
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикони вилояти Рязан ба ҷонибдории Президенти маҳбуб ва мардумӣ, Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод, гуфт зимни суҳбат Раиси ҷамъияти тоҷикони «Ватан» Медведев Б. Б.
Ӯ иброз дошт, ки айни замон дар вилояти Рязан зиёда 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Бояд қайд намуд, ки давлати соҳибистиқлоли мо аз қадамҳои нахустини худ ба таври возеҳу равшан эълон намуд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи иқтисоди бозоргонӣ таъмин хоҳад кард. Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инкишофи босуръати иқтисодиёт ва амалӣ намудани мақсадҳои стратегии роҳбарияти давлат ҷамъияти мо дар қанор набуда, кӯшиш хоҳанд кард, то ҳамватанони бурунмарзии муқими вилояти Рязан баҳри ободӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Мо шаҳрвадони тоҷикистонии вилояти Рязан рӯзи 6-ноябри соли равон дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, овози худро ба роҳбари маҳбуб, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон хоҳем дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






