Тоҷирони Чин ҷонибдорӣ ҳамкорианд

Ноябрь 14, 2013 15:24

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода).- Чанде  пеш  намояндагони  аҳли  тиҷорати  Чин  аз  Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд»  воқеъ дар  шимоли  Тоҷикистон  дидан  намуданд. 
 
Тавре  ки  аз  хадамоти  матбуоти  раиси  вилояти  Суғд  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  мулоқот  бо  ҳайати  Чин  лоиҳаҳои Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд»  муаррифӣ  карда шуданд.
 
Роҳбари  маъмурияти  Минтақаи   озоди  иқтисодӣ  Анвар Ёқубов  меҳмононро  бо  фаъолият ва  шартҳои  маблағгузорӣ  ба  Минтақаи  озоди «Суғд»  муфассал  шинос  кард. 
 
Зимни  мулоқот  ҳамчунин   роҳҳои  имконпазири  ҳамкорӣ бо  ширкатҳои  Чин,  бунёди  корхонаи  нав  ва  ифтитоҳи  ширкатҳои  сернамоянда дар ҳудуди  Суғд  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.

Ноябрь 14, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад