Участкаи интихоботии №78-и Деҳлӣ пурра омода аст

Ноябрь 5, 2013 12:03

 
         Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардо, 6 ноябр баргузор мегардад,  дар участкаи интихоботии №78, воқеъ дар шаҳри Деҳлӣ- пойтахти Ҳиндустон тамоми имконияту шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар сафорат гӯшаи интихоботӣ созмон дода шуда, дар он маълумот дар бораи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи номзадҳо, дастурамал оид ба интихобот ва иттилоот барои интихобкунандагон ва дигар маводу адабиёти зарурии марбут ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷо дода шудааст.
           Аз Сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи рӯйхати омодагардида аз ҷониби ҳайати комиссияи интихоботӣ, ки раисии онро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҳиндустон Саидбег Саидов ба уҳда дорад,  30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ менамоянд, барои раъйдиҳӣ ба  қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар музофотҳои Ҳиндустон кор ва таҳсил менамоянд, даъватнома фиристонида шудааст, то дар ин чорабинии муҳими сиёсии аҳамияти умумидавлатӣ дошта иштирок намоянд.

Ноябрь 5, 2013 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад