Ваъдаи вакили Федератсияи Русия

Ноябрь 7, 2013 13:49

Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- Муовини  аввали  раиси Кумитаи  Думаи  давлатии  Федератсияи  Русия  оид ба захираҳои  табиӣ,  истифодаи  захираҳои табиӣ ва  экология,  мушоҳиди Намояндагии  ИДМ Иван  Никитчук  дар  шаҳри  Душанбе  аз  якчанд  иншоотҳои  муҳим,  аз ҷумла  аз Китобхонаи  миллӣ ва  Театри  драмаи русии  ба  номи  Маяковский  дидор  намуд. 
 
Иван  Никитчук  зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  зикр  намуд, ки  аз  ҳаҷму зебоии  китобхона  ва  меъмории  муосири  пойтахти  Тоҷикистон  ангушти  ҳайрат  газид. Ба  фикри  ӯ Театри  ба  номи  Маяковский  ба  дастгирӣ  зарурат  дорад.
 
«Худи  бинои  театр  ба таъмири  асосӣ  ва ҳунарпешагони  он  ба  дастгирӣ   зарурат  доранд.  Ман  дар  Кумитаи  фарҳанги  Думаи давлатии  Федератсияи  Русия  ин  масъаларо  ба  миён гузошта,  кӯшиш  менамоям, ки  Русия  театрро  аз  нигоҳи  моддӣ  дастгирӣ  кунад», —   зикр  намуд Иван  Никитчук. 

Ноябрь 7, 2013 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш