Вакилони Парлумони Аврупо -хостори рушди демократия
Душанбе, 6 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Элизабет Йегле-вакил аз Олмон ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир ба тавсеаи равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо ибрози назар намуд ва ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо баҳои баланд дод.
Шукурҷон Зуҳуров аз дастгирӣ ва кӯмакҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар бахшҳои рушди демократия, волоияти қонун, таҳкими ҳифзи сарҳадот, мубориза бо маводи мухаддир, ҳифзи муҳити зист, рушди нақлиёту коммуникатсия, энергетика арзи сипос намуда, зикр кард, ки дар оянда ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар дигар бахшҳо низ тавсеа хоҳанд ёфт.
Вакилони Парлумони Аврупо дар навбати худ роҷеъ ба таҳкими равобити Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон табодули назар намуда, хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи сафари ҳайати вакилони Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ мушоҳида намудани ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрӯз, 6 ноябр доир гардида истодааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






