Ваколатҳои Марҳабо Ҷабборова дар Парлумон қатъ гардид
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 26 ноябр бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова пеш аз муҳлат қатъ гардида, ҳамзамон аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон бароварда шуд. Дар як вақт дар асоси қарори палатаи поёнии Парлумони кишвар Марҳабо Ҷабборова аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон озод карда шуда, аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки Марҳабо Ҷабборова чанде пеш бо Фармони Президенти мамлакат муовини Сарвазири ҷумҳурӣ таъйин гардид. «Марҳабо Ҷабборова, ки тӯли се солу 8 моҳ дар Парлумони кишвар ба ҳайси вакил фаъолият дошт, акнун масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаҳои иҷтимоиёти кишварро дар Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастӣ менамояд», гуфт Шукурҷон Зуҳуров — раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон. Раиси Парлумон аз фаъолияти пурсамар ва масъулиятшиносии М. Ҷабборова дар Парлумон ёдрас гардида, зикр намуд, ки бо қобилияти кордонию масъулиятшиносии М. Ҷабборова дар Парлумон чандин лоиҳаи қонунҳо таҳия ва қабул шуданд. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз онҳост. Шукурҷон Зуҳуров аз номи вакилони Парлумон ба Марҳабо Ҷабборова дар фаъоляити минбаъдааш дар Ҳукумати мамлакат комёбӣ таманно намуд. Бо Амри Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборова барои хизматҳои арзишманд дар рушди илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар кишвар, инчунин бахшҳои намояндагӣ, қонунгузорӣ ва равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






