ВКД: Мақсади ҷаҳиш фирор буд

Ноябрь 5, 2013 17:11

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Чуноне, ки пештар тариқи расонаҳои хабарии маҳаливу ҷумҳуриявӣ бобати ҳодисаи дар бинои маъмурии Шуъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара бо дастгиршуда Умед Тоҷиев соли тавалудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркўҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, ки қаблан тибқи моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) гумонбар дониста шуда, нисбаташ парвандаи ҷинои оғоз карда шудааст. Доир ба воқеаи зикршуда маводи гуногун рӯи чоп омад, ки дар он ба воқеа шарҳу эзоҳҳои мухталиф ба миён омад.Бо мақсади шаҳр додани асли воқеа мо тасмим гирифтем, бо ҳимоятчии дар содирнамоии ҷиноят гумонбаршуда мудири маслиҳатгоҳи ҳуқуқии шаҳри Исфара Баҳрихон Исоева ҳамсўҳбат шавем. Зимни суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки воқеан гумонбар пурра барои содир намудани кирдораш иқрор шудааст.Гумонбаршуда баъди анҷоми пурсиши муфатиш бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шуъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ў ҷароҳат бардошта, дасташ низ каме харошида шудаасту халос.Боно ба гуфти ҳимоятчӣ худи гумонбар аз ҷониби ягон корманди мақомот зўроварӣ надидаасту танҳо мақсади гурехтанро дошт ва аз касе гиламанд нест, нафареро айбдор намешуморад. Б. Исоева қайд кард, ки ҳуқуқу манфиатҳои гумонбаршударо ҳимоя хоҳад кард. Бино ба иттилои масъулин гумонбаршуда баъд аз расонидани ёрии тиббӣ, бо қарори суд дар бораи ба ҳабс гирифтан, дар муассисаи тафтишотӣ қарор дошта, тафтиши пешакӣ идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд.

Ноябрь 5, 2013 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд