Вохӯрӣ дар масъалаи пешгирии коррупсия дар «Амонатбонк»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). — 28 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи «Амонатбонк» намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати Бонк ва роҳбарони филиалҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи марказ вохӯрӣ анҷом доданд. Мақсади вохӯрӣ маълумотнок намудани кормандон бо амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мебошад. Дар вохӯрӣ сардори Раёсати пешгирии коррупсионии агентӣ Бахтиёр Юсупов ва корманди ҳамин Раёсат Далер Файзуллоев ширкат доштанд. Дар вохӯрӣ перомуни пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар корхонаву сохторҳои давлатӣ, аз тарафи кормандон ва инчунин дар ташкилотҳои молиявию бонкҳо баҳри пешгирии ҳама гуна хавфҳову амалҳои коррупсионӣ гузаронидани аудити дохилӣ маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Хадамоти матбуоти ҳарду сохтори давлатиро мебояд барои пешгирии амалҳои корррупсионӣ бо пешниҳоди маводи иттилоотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоӣ (буклетҳо) дар филиалҳои бонк ҳамкориро қавӣ гардонида, маълумотнокии кормандон ва мизоҷони Бонкро зиёд намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






