Вохӯриҳои зидди нашъамандӣ дар вилояти Хатлон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази мубориза алайҳи ВИЧ/ СПИД-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занону духтарони ноҳияҳои Қумсангир, Бохтар ва шаҳри Қӯрғонтеппа силсилаи вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ»-ро баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳонидани мардум дар бораи зарарҳои истеъмоли воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, оқибатҳои тиббии нашъамандӣ-сироят ба инфексияҳои ВНМО/БПНМ аст.
Дар вохӯриҳои мазкур, ки дар шакли интерактивӣ баргузор гардиданд, ҳамзамон мудирон ва мутахассисони пешбари шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи назди ҳукуматҳои ноҳияҳои Н.Хисрав, Шаҳритус, Ҷиликӯл, Фархор, Шӯрообод, Қӯрғонтеппа, Ҷ.Румӣ, Қумсангир, Вахш, Хуросон, Сарбанд, Восеъ, Муъминобод, шаҳри Кӯлоб, Бохтар, Панҷ, Ҳамадонӣ, Ёвон, Темурмалик, Ховалинг, Қубодиён, Ҷомӣ, Балҷувон ва Норак ширкат варзиданд. Дар семинар ба иштирокчиён дар бораи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо маводи нашъаовар, тарғиби ҳаёти солим, инчунин оид ба хатари маводи нашъаовар ба инсон ва пеш аз ҳама ба наврасон ва ҷавонон, пешгирӣ аз бемории ВНМО/БПНМ, муносибат бо беморони нашъаманд маълумот пешниҳод намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






