Вохўрӣ бо донишҷўён дар Минск
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Рўзи 31 октябри соли 2013 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Беларус таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Дар мулоқот сафир оид ба вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамватанон, ки дар шаҳри Минск шуда гузашт, хабар дод ва инчунин масъалаҳои шароити таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар мактабҳои олии Беларус, сарҷамъ намудани донишҷўёни тоҷик ва фаъолияти Шўрои донишҷўёни тоҷик дар Ҷумҳурии Беларус баррасӣ гардиданд. Баъдан, барои бештар намудани фаъолияти Шўрои донишҷўён ба тариқи овоздиҳӣ раис, муовинони раис ва аъзои Шўрои донишҷўён интихоб гардиданд.
Дар навбати худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов ҳамчун раиси Комиссияи участкаи интихоботии №63 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Комиссияи ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур-3 тасдиқ шудааст, дар бораи ҷараёни маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр баргузор мегардад, маълумоти муфассал дод ва интихобкунандагонро барои фаъолона иштирок кардан дар интихобот даъват намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






