Вохўрии М. Маҳмадаминов бо Ф. Крестани

Ноябрь 18, 2013 14:20

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Имрўз, 18 ноябри соли равон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо директори минтақавии Хазинаи таҳсилоти аврупоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Франка Крестани вохўрӣ доир намуд. Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохўрӣ ташаббусҳои нави Хазинаи таҳсилоти аврупоӣ дар соҳаи таълим ва омўзиши касбӣ дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ мавриди муҳокима ва дастгирӣ қарор гирифта, тарафҳо барои рушди минбаъда дар ин самт ибрози назар карданд.

Ноябрь 18, 2013 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш