Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Фархор
Фархор, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов)-. Ба иттилои сармеъмори ноҳияи Фархор Сайидобид Ҳафизов дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия баҳри рушди соҳаи саноат, сохтмон, алоқа, роҳ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ корҳои муайяне ба сомон расонида шудаанд, ки нисбат ба соли сипаригардида ду баробар зиёд мебошанд. Дар ин давра сохтмончиёни ноҳия ба маблағи 4 млн. 657 ҳазору 900 сомонӣ корҳои пудратиро ба анҷом расонида, аксари биноҳои нақшавиро мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин давра сохтмони осорхона, китобхона, 3 бунгоҳи тиббӣ, майдони варзишӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи нафтӣ, боғи фарҳангӣ ва дигар иншоотҳои хурду бузург ба истифода дода шуда, дар айни ҳол таъмири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ бо маблағгузории Бонки рушди Олмон ба маблағи 3 млн. 358 ҳазор сомонӣ, сохтмони нотамоми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Деҳқонариқ барои 1176 хонанда аз ҳисоби маблағҳои Бонки Саудии Рушд ба маблағи 2 млн. 525 ҳазор доллари амрикоӣ ва дигар сохтмонҳои нотамом идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






