Вусъати сохтмон дар Фархор

Ноябрь 22, 2013 15:12

Қурғонтеппа, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Дар ноҳияи Фархор қисми зиёди корҳои нақшавии сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сармеъмори ноҳия Сайидобид Ҳафизов иттилоъ дод, дар ин давра сохтмони осорхона, китобхона, се бунгоҳи тиббӣ, майдони варзишӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи нафтӣ, боғи фарҳангӣ ва дигар иншоотҳо ба истифода дода шудаанд. Алҳол таъмири бинои шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ , сохтмони нотамоми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи «Деҳқонариқ» барои 1176 хонанда ва дигар сохтмонҳои нотамом идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Ноябрь 22, 2013 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш