Вусъати созандагӣ ва бунёди иншоот дар Панҷакент
Панҷакент, 13 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Гулбаҳор Худойбердиева). — Тайи солҳои охир дар шаҳри Панҷакент сохтмони биноҳои маъмурию иҷтимоӣ вусъати тоза мегирад.
Сардори шуъбаи сохтмон ва меъмории шаҳри Панҷакент Рўзибой Маҳмудов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки аз тарафи бахш лоиҳаи қарорҳои раиси шаҳр доир ба интихоби қитъаи замин барои лоиҳакашии сохтмони навсозӣ тартиб дода шуда, дар давоми нуҳ моҳи соли равон 73 қарори раиси шаҳр ба тасвиб расид. Барои лоиҳакашии биною иншоотҳои гуногун 56 супориши меъморию ба нақшагирӣ қабул шудааст.
Рўзибой Маҳмудов афзуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар деҳаи Панҷрӯд таъмиру навсозии як силсила иншоотҳои маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд, аз ҷумла мустаҳкамкунии соҳили дарёи Уреҷ, таъмири чойхона, меҳмонхона, ошхонаи тобистона, чароғонкунии роҳравҳо ва атрофи он, таъмири боғи Устод Рӯдакӣ, хонаи саломатӣ ва роҳравҳои атрофи иншоотҳои маҷмаа аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 2 миллиону 214 ҳазор сомонӣ иҷро карда шуд. Инчунин сохтмони бинои иловагии дорои 6 синфхона дар назди МТУА № 45-и деҳаи Марғузори ҷамоати деҳоти Шинг бо арзиши 380 ҳазор сомонӣ, таъмири бинои мактаби № 6-и деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо арзиши харҷномавии 530 ҳазор сомонӣ, таъмири толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳи мактаби № 4-и деҳаи Чимқурғони ҷамоати деҳоти Саразм бо маблағи 167 ҳазор сомонӣ, таъмири беморхонаи деҳаи Чимқурғони ҷамоати деҳоти Саразм бо арзиши 43 ҳазор сомонӣ, мустаҳкамкунии садди Ғарибак ба масофаи 700 метр бо маблағи 1 млн. 230 ҳазор сомонӣ, сохтмони корхонаи истеҳсоли хишт ба маблағи 970 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






