Яке аз ҷавонтарин вакил тарки курсии Парлумон кард
Душанбе, 26 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон- 26 ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ваколатҳои вакили Маҷлиси намояндагон Махфират Хидироваро пеш аз муҳлат қатъ гардонд. Ҳамин тариқ, Махфират Хидирова, ки чанде пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, аз ҳайати Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Махфират Хидирова доктори илми фалсафа, профессор буда, 40 сол дорад ва яке аз ҷавонтарин вакилон дар Парлумон маҳсуб меёфт. Вай муддати беш аз 8 сол дар Парлумони Тоҷикистон ба ҳайси вакил аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ фаъолият дошт. Ҳамчунин М. Хидирова ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, раиси фраксияи ҲХДТ дар Парлумони Тоҷикистон, узви Комиссияи Маҷлиси намояндагон oид ба одоби вакилон ва Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон, роҳбари Гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Корея ва аъзои Гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Чинро ба уҳда дошт. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз номи вакилони Парлумон ба Махфират Хидирова дар фаъолияти минбаъдааш дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ комёбӣ орзу намуд. Бо Амри Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Махфират Хидирова барои хизматҳои шоён дар рушди илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Парлумони кишвар бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон сарфароз гардонида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






