«ЮТэйр-Лизинг» барои фурудгоҳи Душанбе техника дастрас намуд
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-«Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) бо ҶММ «ЮТэйр-Лизинг» бобати дастрас намудани 50 адад техникаи аэродромӣ бо маблағи 5,9 млн евро шартнома баст. Аввали моҳи октябр 3 адад автобуси перронӣ, 2 экскаватор, 1 адад грейдер, 2 адад зинапояи худгард оварда шуд. Дастрас намудани техника идома дошта, дар назар аст то моҳи марти соли 2014 маҷмўи техникаҳои дар шартнома нишондодашуда пурра дастрас карда шавад. Тавре ки котиби матбуотии фурудгоҳ Маҳмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, техникаҳои нави замонавӣ имкон медиҳанд сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон ба маротиб беҳтар шавад.Ба гуфти мутахассисон «ЮТэйр-Лизинг» ба бозори авиатсионии Осиёи миёна ворид шуда, сараввал бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориро оғоз намудааст. Дар назар аст «ЮТэйр-Лизинг» бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда парки техникии фурудгоҳро пурра намояд ва ҳамчун шарики стратегӣ дар оянда низ бо фурудгоҳи Душанбе ҳамкориҳоро вусъат диҳад, гуфтааст и.в. директори «ЮТэйр-Лизинг» Мария Швартс. Ёдовар мешавем, ки фурудгоҳи Душанбе калонтарин фурудгоҳи кишвар ба шумор рафта, дар айни ҳол имкони техникии хизматрасонӣ ба ҳамаи намуди ҳавопаймоҳои калонҳаҷми мусофиркаш ва боркашро дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






