Зӯрозмоии универсалӣ миёни калонсолон дар шаҳри Медин

Ноябрь 22, 2013 11:36

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Аз 11-ум то 17-уми ноябри соли равон дар шаҳри Медини вилояти Калугаи Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба зӯрозмоиҳои универсалӣ миёни калонсолон дар ду намуд- аз намуди лайт, яъне гӯштингирӣ ва классика( намудҳои омехта) баргузор гардид.   Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон 3 нафар варзишгардухтар ва 3 варзишгарписар ширкат варзида, 9 медал: 4 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин конгресси минтақавии Осиё оид ба муҳорибаҳои универсалӣ баргузор шуд. Дар он давлатҳои Осиё- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат доштанд. Бо бисёрии овозҳо Собир Каримов аз Тоҷикистон раиси Федератсияи зӯрозмоии универсалии Осиё интихоб гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

Ноябрь 22, 2013 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд