Журналистон адолати судии ҷиноиро меомӯзанд
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ).-Дар ноҳияи Варзоб давраи кутоҳмуддати омӯзишӣ барои кормандони ВАО таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷиноӣ» ҷараён дорад. Ин давра дар назар аст, то панҷшанбе, 21 ноябр идома намояд.
Тазаккур бояд дод, ки давраи омӯзишӣ бо ибтикори Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон- асри ХХ1» ба роҳ монда шудааст. То имрӯз тренерхо Нигина Баҳриева,сарвари Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» ва Сергей Раманов, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар робита ба мавзуъҳои «Ҳуқуқи инсон чист?», «Механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқи инсон дар низоми адолати судии ҷинояти», «Ҳуқуқ ба дахолатпазирии шахсӣ», «Меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба журналистон семинар- тренинг гузарониданд. Масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ барои шарҳи мавзуъҳои мухталиф ширкат мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






