Қадрдонии дониши хонандагон дар озмунҳо
Румӣ, 25 декабр.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова)-Воқеан дар озмуну олимпиадаҳо ширкат намудани хонандагон ба баланд шудани дониши хонанда таъсири амиқи худро мерасонад,- гуфт зимни суҳбат сардори раёсати маорифи ноҳияи Румӣ Маърифат Навкарова. Иштироки хонандагон дар озмунҳо имсол фаъол буд. Дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ хонандагони мактабҳои ноҳия 31 медал ба даст оварданд, ки аз он 9-тоаш тилло, 8-тоаш нуқра ва 14 тоаш биринҷӣ мебошад,- гуфт Маърифат Навкарова. Ин комёбӣ натиҷаи заҳмати омӯзгорон мебошад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон иштироки хонандагонро хуб арзёбӣ намуда, бо таассуф иброз дошт, ки дар озмуни вилоятӣ хонандагони хуросонӣ ҳамагӣ 1 медали биринҷиро саҳиб шудаанд. Тавре ки мудири шуъбаи маориф ба мо гуфт, дар айни замон дар 58 мактабу 1 литсей 21 ҳазору 880 хонанда таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






