Қарори раиси Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 4 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус мутобиқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба имзо расонд. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ хоҳанд гашт. Бояд тазаккур дод, ки палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон- Маҷлиси миллӣ 33 аъзо дорад. Чанде пеш бо фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода Сарвазири ҷумҳурӣ, Қодири Қосим, ки муовини раиси палатаи болои Парлумон буд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, инчунин аъзои дигари Маҷлиси миллӣ Хайрулло Асоев -вазири нақлиёти кишвар таъйин гардиданд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои аъзои мазкури Маҷлиси миллӣ дар палатаи болоии Парлумони мамлакат қатъ мешаванд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






