Қурби доллари ИМА бе тағйир боқӣ монд
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА бе тағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9200-4,9350 сомонӣ қарор гирифт. Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1486-0,1496 сомонӣ ва ба 6,6434-6,6657 сомонӣ баробар шуданд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 26 декабр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9200-4,9400 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9200-4,9300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9400 сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






