Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии кишвар афзуд
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 15 миллиарду 32 миллион сомониро ташкил дод.Назар ба маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рақами зикршуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 10,1 фоиз зиёд аст. Имсол маҳсулоти чорводорӣ афзуда ва 106,9 фоизро ташкил дод. Дар ин давра нишондодҳои соҳаи растанипарварӣ баробари 108,1 фоиз буданд. Ғайр аз ин, ҷамъоварии ғалла дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 355 ҳазору 371 тоннаро ташкил дод, ки ин назар ба соли гузашта баробари 187 ҳазору 400 тонна зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






