Ҳаҷми ММД ба 35,9 млрд. сомонӣ баробар шуд

Декабрь 27, 2013 10:44

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2013 нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкию макроиқтисодӣ бинобар кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва омилҳои беруние, ки ба иқтисодиёт таъсир мерасонанд, рушди устувори худро идома доданд.  Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ин давра ба 35,9 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати инкишофи воқеии он 7,3 фоизро ташкил намуд. Рушди чашмрас асосан дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз қабили гардиши савдои чакана — 19,2 фоиз, сохтмон — 17,3 фоиз, хизматрасонӣ — 9,8 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ — 7,7 фоиз ва саноат — 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар интиҳои моҳи ноябри соли равон 4,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз зиёд мебошад.

Декабрь 27, 2013 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш