Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси оид ба таҳсилот

Декабрь 4, 2013 14:13

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева ).- Дафтари ЮНЕСКО воқеъ дар шаҳри Маскав ва Ҷамъияти умумиукраинии муаллимону мураббиён таҳти васояти Вазорати маориф ва илми Украина аз 3 то 4 декабр дар шаҳри Киев конфронси минтақавӣ оид ба таҳсилоти профилактӣ таҳти унвони «Таҳсилот барои тандурустӣ, рушди камолот ва иштирок» — ро доир менамоянд.Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иштирок мекунанд.Иштирокдорони конфронс вазъияти дастрасии наврасону ҷавонон ба таҳсилоти бахши тандурустӣ, ҷилавгирӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва ҳифзи тансиҳатиро мавриди баррасӣ қарор дода, бо нақшаҳои тарбияи кадрҳои педагогӣ шинос мешаванд.

Декабрь 4, 2013 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш