Ҳалокати шаҳрванди ҶТ бар асари таркиш дар Волгоград
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ба Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар расид, ки бар асари таркиш дар шаҳри Волгоград як шаҳрванди ҶТ — сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпулод Эргашевич ба ҳалокат расидааст.Тавре ки хадамоти матбуоти муассисаи мазкур пештар хабар дода буд, дар натиҷаи амалиёти террористӣ боз як шаҳрванди ҶТ – Ғозиев Раҳмоналӣ Меликович, сокини 42 – солаи шаҳри Душанбе, захм бардошта, дар ҳолати вазнин дар беморхонаи шаҳри Волгоград бистарӣ шудааст. Хотирнишон месозем, ки 29 декабр дар бинои вокзали шаҳри Волгоград таркиш ба амал омада, бар асари он 16 нафар ҳалок гардида, беш 30 нафар захм бардоштанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






