Ҳамкориҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Китобхонаи миллии Русия
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нодир Мирзоев бо директори генералии Китобхонаи миллии Русия Антон Лихоманов дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия масъалаҳои ҳамкории тарафайн дар самти технологияи иттилоотӣ ва роҳҳои нави корбарии барномаҳои махсуси соҳаи китобдориро баррасӣ намуданд. Тавре ки дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, Нодир Мирзоев ҳамчун рамзи ҳамкориҳои судманд ба Китобхонаи миллии Русия чанд нусха китоби тозанашрро тақдим намуд. Гуфта мешавад, ки барои омўзиши таҷрибаи муосир дар самти фаъолияти техникӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон як ҳайати корӣ зери роҳбарии муовини директор Нодир Мирзоев ба шаҳри Санкт- Петербурги Федеравтсия Русия сафар намудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳайати корӣ нақша дорад, ки шартномаҳо дар самти нигоҳдории дастхатҳо ва омўзиши мутахассисонро ба имзо расонад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






