Ҳамкориҳои муштараки ВКД ҶТ бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии ҶМЧ

Декабрь 17, 2013 16:00

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми вазорати мазкур Ан Вейсин ба ҳузур пазируфт.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои тарафайн баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мубодилаи афкор сурат гирифт.Зикр гардид, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муштарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.Зимни вохӯрӣ тарафайн барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба ҳамдигар изҳори миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки дар оянда низ чунин ҳамкориҳо тақвият хоҳанд ёфт.

Декабрь 17, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд