Ҳамкории Тоҷикистону Чин густариш меёбад
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 26 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва Менеҷери кулли ширкати «China Xinjiang R- space Exhibition Co.,Ltd» воқеъ дар шаҳри Урумчи Сяо Чун баргузор гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ширкати мазкур ба ташкили намоишгоҳҳо, ҳамчунин истеҳсол, содирот ва насби таҷҳизоти танвирӣ машғул аст. Сяо Чун зикр намуд, ки мақсад аз сафараш дарёфти мушорикони тиҷоратӣ дар Тоҷикистон барои фурӯши маҳсулоташ дар ҷумҳурӣ мебошад.Шариф Саид ба намояндагони ширкат пешниҳод намуд, ки барои намоиши маҳсулоташон ба соҳибкорони тоҷик ва шиносоӣ бо аҳли тиҷорат дар намоишгоҳҳое, ки палата соли 2014 дар шаҳри Душанбе ташкил менамояд, иштирок кунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






