Ҳамоши соҳибкорони Муъминобод

Декабрь 28, 2013 10:51

Муъминобод, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Таваҷчуҳи роҳбарияти кишвар ба рушди соҳибкории хурду миёна соҳибкорони ватаниро баҳри ободониву созандагӣ ва зебову обод гардонидани маҳали зист руҳбаланду саргарм гардонидааст. Зимни як ҳамоиш соҳибкорони ноҳияи Муъминобод бобати тарҳрезии як лоиҳаи фаъолияти муштараки ҳамкорӣ андешаронӣ намуданд. Ҳадафи аслии ҳамоиш беҳбуд бахшидани шароити зисти аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ арзёбӣ гардид. Аҳли ҳамоиш Оинномаи таъсиси Хазинаи рушди Муъминободро мавриди муҳокима қарор дода, онро бо назардошти тағйиру иловаҳо ва муроҷиатнома ба ҳамаи соҳибкорон қабул карданд.

Декабрь 28, 2013 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш