Ҳавлиҳои сокинони пойтахт тафтиш мешавад

Декабрь 3, 2013 17:12

Душанбе, 3 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе ба масъулини комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дастур додааст, ки дар зарфи ду ҳафтаи оянда ҳавлиҳои сокинони пойтахтро тафтиш намоянд, то дар онҳо парвариш ва нигоҳдошти чорвои хонагӣ ошкор карда шавад.  Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси шаҳр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ гуфтааст, ки ин раванд, яъне тафтиши манзилу ҳавлиҳои сокинони пойтахт дар мавриди парвариш ва нигоҳдошти чорво бояд тавассути шабакаи телевизиони «Пойтахт» муфассал инъикос гардида, нисбат ба шахсони хилофкор аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳр чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Декабрь 3, 2013 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд