«Ҷабри таърих»-қиссаи дардолуд

Декабрь 3, 2013 14:54

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Нашриёти «Бухоро» китоби нави нависанда ва рӯзноманигори варзида Карим Мӯсоро бо номи «Ҷабри таърих» аз чоп баровард. «Ҷабри таърих»-қиссаи мустанади таърихӣ аз рӯзгори нависандаи боистеъдоди тоҷик Ҷумъа Одина мебошад. Воқеан, ҷабру ситаме, ки бар сари Ҷумъа Одина омад, бар сари ягон адиби дигари даврони Шӯравии тоҷик, баъди солҳои 40-уми садаи бист наомада-китоби ягон адиберо мисли романи «Гузашти айём»-и Ҷумъа Одина дар зиндагиаш насӯхтаанд.Карим Мӯсо бо иншо ва ифшои саҳифаҳои норавшани рӯзгори Ҷумъа Одина собит мекунад, ки ҳақ куҷосту ноҳақ кист. Муаллиф дар тасвири фоҷиаи мазкур муваффақ ва комёб гардидааст. Хонанда аз мутолиаи ин қиссаи таърихӣ баҳраи зиёди маънавӣ, дарси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ахлоқию маънавӣ мегирад.

Декабрь 3, 2013 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш