Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар соли 2013
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2013 25 декабр дар Душанбе баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Марҳабо Ҷабборова доир шуд. Дар кори ҷаласа инчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф, фарҳанг, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион, занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иштирок намуданд.Баъди кушодашавии ҷаласа намояндагони ҳукумати ноҳияи Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба бартараф кардани камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиш аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ ошкор шуда буданд, маълумот доданд.Тавре ки аз маркази матбуоти АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии шаҳр Шӯрои ҳамоҳангсозӣ пешниҳод намуд, ки диққати асосӣ ба оилаҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва таблиғоти тарзи ҳаёти солим, беҳтар кардани шариоити фароғатии онҳо, инчунин ҷалби наврасон ва ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дода шавад.Вобаста ба ин пешниҳод шуд, ки майдончаҳои варзишии наздиҳавлигӣ бо кӯшиши якҷояи ҳукуматҳои маҳалӣ ва сокинон барқарор гарданд, мунтазам иқдомҳои дорои характери иттилоотӣ гузаронида шаванд ва барои пахши онҳо васоити ахбори омма ҷалб шаванд. Дар вақти муарифии ҷараёни амалишавии «Барномаи миллӣ оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кӯмаки наркологӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2017», муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳиб Раҳмонов мушкилотҳое, чун пурра мукаммал набудани воҳидҳои бастии духтурон-наркологҳо дар ҷумҳурӣ ва камбудии ҳамоҳангӣ дар байни мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии нашъамандиро мавриди баррасӣ қарор дод.Қайд гардид, ки танҳо бо кӯшиши якҷоя ва амалҳои мушаххас дар самти мубориза бо нашъамандӣ ба муваффақиятҳо ноил шудан мумкин аст.Ҷиҳати ташкили кори самарабахш Шӯрои ҳамоҳангсозӣ лоиҳаи нақша барои соли 2014-ро муҳокима намуд, оид ба гузаронидани ҷаласаи ғайринавбатӣ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин кишварҳои кӯмакрасон дар самти амалисозии вазифаҳое, ки дар Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 гузошта шудаанд, қарор қабул намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






