Ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории байналмилалӣ
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар доираи татбиқи Лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) -марҳилаи II 23 декабри соли равон дар агентӣ ҷаласаи навбатии нақшавии Гуруҳи кории байналмилалӣ баргузор гардид.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар кори ҷаласа Директори агентӣ, ҳамоҳангсозони барномавӣ/лоиҳавии Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, кормандони масъули Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русия, ҳамчунин роҳбарони хадамоти муҳими АНМН иштирок намуданд.Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои чорабиниҳои ба маблағгузории воҳидҳои агентӣ алоқаманд барои нимсолаи якум дар соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Бо мақсади рушди самараноки фаъолияти Агентӣ қарор карда шуд, ки ба расонидани воситаҳои техникии махсус ва техникаи ташкилӣ идома дода шавад, ҳамчунин расонидани кӯмак барои такмили ихтисоси кормандони агентӣ идома дода шавад.Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои Гуруҳи кории байналмилалӣ истифодаи мақсаднок ва пурсамари воситаҳои пулие мебошад, ки барои рушди Агентии назорати маводи нашъаовар Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва маблағгузорони лоиҳа ҷудо кардаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






